Рейди «Одоби шаҳрнишинӣ»: боздошти 10 нафар барои майдаавбошӣ

Date:

Дар ҷараёни баргузории амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Одоби шаҳрнишинӣ» бо мақсади пешгирии ҳолатҳои муносибати дағалонаи шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, авбошиву кирдорҳои зидддиҳуқуқӣ ва баланд бардоштани одобу ахлоқи ҷавонон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, фаъолият дар ин самт таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, айни замон марҳилаи сеюми амалиёт ҷараён дошта, то ин дам 10 нафар вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шудаанд.

Давоми ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ якчанд беш аз 10 далели ҳолатҳои ба майдаавбошӣ даст задани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон дар мавзеъҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе муайяну ошкор ва нисбати ҳуқуқвайронкунандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гуфта мешавад, аз ҷумла зимни хизматбарӣ кормандони милитсия муайян намуданд, ки санаи 8 сентябри соли ҷорӣ, дар назди бозори Меҳргони шаҳри Душанбе шаҳрванд Лутфуллоев Бахтиёр Аҳмедович соли таваллудаш 1976 дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо ронандаи автомашинаи муофиркашонии хатсайри 25 Шарипов Ҳадятулло ҷанҷолу муноқиша намуда, охиронро дашномҳои қабеҳ намуда, обрӯю эътибори ӯро дар назди мардум паст зада, бо ин кирдораш тартиботи ҷамъиятӣ ва оромии атрофиёнро дағалона вайрон намудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сокини Душанбе барои таҳқири ҳамсараш 7 рӯз ҳабс шуд

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло нисбати ҳуқуқвайронкунанда Луфтуллоев Бахтиёр Аҳмедович бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва бо Ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳуқуқвайронкунанда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Дар мақомоти милитсия хабар медиҳанд, ки ҳолатҳои таҳқиру беэҳтиромӣ нисбати занону духтарон ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...