Рейди «Одоби шаҳрнишинӣ»: боздошти 10 нафар барои майдаавбошӣ

Дар ҷараёни баргузории амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Одоби шаҳрнишинӣ» бо мақсади пешгирии ҳолатҳои муносибати дағалонаи шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, авбошиву кирдорҳои зидддиҳуқуқӣ ва баланд бардоштани одобу ахлоқи ҷавонон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, фаъолият дар ин самт таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, айни замон […]

Дар ҷараёни баргузории амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Одоби шаҳрнишинӣ» бо мақсади пешгирии ҳолатҳои муносибати дағалонаи шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, авбошиву кирдорҳои зидддиҳуқуқӣ ва баланд бардоштани одобу ахлоқи ҷавонон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, фаъолият дар ин самт таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, айни замон марҳилаи сеюми амалиёт ҷараён дошта, то ин дам 10 нафар вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шудаанд.

Давоми ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ якчанд беш аз 10 далели ҳолатҳои ба майдаавбошӣ даст задани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон дар мавзеъҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе муайяну ошкор ва нисбати ҳуқуқвайронкунандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гуфта мешавад, аз ҷумла зимни хизматбарӣ кормандони милитсия муайян намуданд, ки санаи 8 сентябри соли ҷорӣ, дар назди бозори Меҳргони шаҳри Душанбе шаҳрванд Лутфуллоев Бахтиёр Аҳмедович соли таваллудаш 1976 дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо ронандаи автомашинаи муофиркашонии хатсайри 25 Шарипов Ҳадятулло ҷанҷолу муноқиша намуда, охиронро дашномҳои қабеҳ намуда, обрӯю эътибори ӯро дар назди мардум паст зада, бо ин кирдораш тартиботи ҷамъиятӣ ва оромии атрофиёнро дағалона вайрон намудааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло нисбати ҳуқуқвайронкунанда Луфтуллоев Бахтиёр Аҳмедович бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва бо Ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳуқуқвайронкунанда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Дар мақомоти милитсия хабар медиҳанд, ки ҳолатҳои таҳқиру беэҳтиромӣ нисбати занону духтарон ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.