«Artel»-и Ӯзбекистон истеҳсоли яхдонро дар Тоҷикистон ба роҳ мемонад

Ширкати истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроникаи Ӯзбекистон «Artel» ояндаи наздик ният дорад, ки истеҳсоли яхдонҳоро дар шаҳри Душанбе ба роҳ монад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин қарордод байни ҷонибҳо дар ҷараёни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд рӯзҳои 17-18 август ба даст омада буд. […]

Ширкати истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроникаи Ӯзбекистон «Artel» ояндаи наздик ният дорад, ки истеҳсоли яхдонҳоро дар шаҳри Душанбе ба роҳ монад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин қарордод байни ҷонибҳо дар ҷараёни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд рӯзҳои 17-18 август ба даст омада буд.

Ояндаи наздик ҷониби Узбекистон ба таҳвили таҷҳизот ҷиҳати роҳандозии истеҳсолоти оянда дар Душанбе шурӯъ мекунад.

“Ба гумони ғолиб, истеҳсолот дар ҷойи собиқ корхонаи истеҳсоли яхдонҳо дар Душанбе, дар маҳаллаи Поитехникуми пойтахт ба роҳ монда шуда, ин масъала ва масъалаи иқтидори корхона имрӯз дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад”, – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки зимни сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи “Артел” дар шаҳри Тошканд боздид намуда буд. Ба ӯ иттилоъ дода буданд, ки дар корхона асосан барои хоҷагии халқи кишвар ва эҳтиёҷоти аҳолӣ таҷҳизоти барқӣ истеҳсол мешавад.

Майдони умумии корхонаи “Артел” 600 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, аз 9 коргоҳи дар саросари кишвар амалкунанда иборат аст. Иқтидори истеҳсолии онҳо беш аз 5 млн. адад техникаи маишӣ ва 10 млн. адад чароғакҳои каммасрафро ташкил медиҳад.

Дар ин корхона дар маҷмӯъ 7400 нафар машғули кор буда, ба сурати умум 500 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо содирот мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.