Ним тухм дар як рӯз. Дар Тоҷикистон меъёрҳои истеъмоли хӯрокворӣ муқаррар шуд

Дар Тоҷикистон меъёрҳои физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии хӯроквориро барои одамон муайян карданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо қарори худ, ки санаи 31 август аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расида, дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорат адлияи ҶТ нашр шуд, ба Вазоратҳои меҳнат, тандурустӣ ва рушди иқтисод дастур медиҳад, ки меъёрҳои тавсяшудаи истеъмоли маҳсулоти асосии ғизоиро ба ҳар […]

Дар Тоҷикистон меъёрҳои физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии хӯроквориро барои одамон муайян карданд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо қарори худ, ки санаи 31 август аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расида, дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорат адлияи ҶТ нашр шуд, ба Вазоратҳои меҳнат, тандурустӣ ва рушди иқтисод дастур медиҳад, ки меъёрҳои тавсяшудаи истеъмоли маҳсулоти асосии ғизоиро ба ҳар сари аҳолӣ тасдиқ намоянд.

Ба маҳсулоти асосии хӯроквории тоҷикистониён нон ва маҳсулоти нонӣ, растаниҳои ғалладонагӣ, лӯбиёӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ ва маҳсулоти моҳӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равған, қанд, сабзавоту маҳсулоти полезӣ, картошка ва чой дохил шудааст.

Ҳамин тариқ, мутобиқи меъёрҳои тавсияшадаи истеъмол, як нафар давоми шабонарӯз бояд 404 грам нон ва маҳсулоти нонӣ, 111 грамм гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 25 грамм моҳӣ ва маҳсулоти он, 316 грамм шир ва маҳсулоти ширӣ, ҳамчунин нимто тухм истеъмол намояд.

Ба Вазоратиҳои зикршудаи дахлдор пешниҳод шудааст, ки ҳангоми зарурат оид ба ворид намудани тағйирот ба меъёрҳои тавсияшудаи физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ бо пешниҳодҳо муроҷиат намоянд.

Меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон.

Нимаи моҳи апрели соли равон, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи нисбатан баландтари камбуди ғизо барои аҳолиро ба қайд гирифт. Он ба Тоҷикистон рост меояд, ки ҳар сеюм нафар аҳолии кишвар ба он дучор аст.

Дар гузориши ФАО «Вазъ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» гуфта мешавад, давоми солҳои 2014-2016 дар Тоҷикистон 30,1 фоиз ё худ 2,6 млн. нафар ба камбуди ғизо дучор буданд.

«Бо вуҷуди ин, дар чанде аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи густариши норасоии хӯрок барои аҳолӣ нисбатан баланд боқӣ мемонад. Сатҳи бештар баланди ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст», – қайд мешавад дар гузориш.

Ҳамчунин аз густариши сатҳи камбуди ғизо барои аҳолӣ дар Молдова (8,5%), Гурҷистон (7%), Қирғизистон (6,4%), Ӯзбекистон (6,3%), Сербия (5,6%) ва Туркманистон (5,5%) низ нигаронӣ изҳор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.