Воҳидҳои артиши Ӯзбекистон дар шимоли Тоҷикистон мустақар шуданд

Дар машқгоҳи Чорухдайрон ва маркази таълимии “Нурафшон” дар вилояти Суғд аз 18 то 22 сентябри соли равон тамринҳои низомии муштараки сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон баргузор мешаванд. Тамринҳои мазкур нахустин машқҳои муштараки воҳидҳои Вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар дар таърихи муносибатҳои дуҷониба мебошад. Дар тамринҳо […]

Дар машқгоҳи Чорухдайрон ва маркази таълимии “Нурафшон” дар вилояти Суғд аз 18 то 22 сентябри соли равон тамринҳои низомии муштараки сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон баргузор мешаванд.

Тамринҳои мазкур нахустин машқҳои муштараки воҳидҳои Вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар дар таърихи муносибатҳои дуҷониба мебошад.

Дар тамринҳо масъалаҳои амали муштараки воҳидҳои артиши Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпешаи терроризми байнулмилалӣ мавриди омӯзиш ва дар амал иҷро карда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

Субҳи имрӯз воҳидҳои низомӣ, техника ва силоҳу муҳимоти Ӯзбекистон ба машқгоҳ дар вилояти Суғд оварда шуданд.

Дар тамринҳо наздики 100 нафар сарбозону афсарони артиши Ӯзбекистон бо силоҳу муҳимот ва техникаи худ ва беш аз 500 нафар сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҳарбии худ иштирок мекунанд.

Баъди анҷоми тамринҳо иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби Вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар бо ифтихорномаҳову туҳфаҳо қадронӣ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.