Эмомалӣ Раҳмон: барои наҷоти ҳаёти мо 131 сарҳадбонон ҷони худро аз даст доданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ВМКБ дар шаҳри Хоруғ бинои Маркази таълимии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода,  бо шарту шароити Отряди сарҳадии Хоруғ, ки пас азнавсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуд  аз наздик шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ВМКБ дар шаҳри Хоруғ бинои Маркази таълимии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода,  бо шарту шароити Отряди сарҳадии Хоруғ, ки пас азнавсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуд  аз наздик шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат изҳор намуд, ки тӯли ду даҳсолаи охир барои ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини рӯзгори осудаи сокинон ва оромиву суботи кишвар, инчунин, ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 131 нафар афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро аз даст додаанд.

“Давлату Ҳукумати кишвар ва мардуми Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, – таъкид дошт Президент. – Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воҳидҳои махсусро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамояд”.

Ба гунаи мисол ӯ зикр кард, ки танҳо дар се соли охир ба 688 оилаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои низомӣ хонаҳои истиқоматӣ ва ҳазорҳо қитъаи замин барои бунёди манзили зист ҷудо карда шуданд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар зарфи 10 соли охир маоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ 22 баробар зиёд шуда, танҳо дар ду соли охир 26 нафар афсарону сарбозон барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ҷасорату мардонагӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ин ғамхорӣ дар ҳаққи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо дар оянда низ идома меёбад.

“Ман борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки мо Қӯшунҳои сарҳадиро мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи хеле вазнину ҳассоси таърихи кишварамон дар замоне, ки одитарин шароит ва заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, ташкил кардем, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. – Ва имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор метавонем изҳор намоем, ки Қӯшунҳои сарҳадии мо ба ҳайси яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ ҳоло ба як сохтори муташаккил, муназзам ва боэътимоди ҳифзи марзу буми Ватан табдил ёфтаанд”.

Президент қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, Донишкадаи сарҳадӣ, эскадриляи алоҳидаи ҳавоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 34 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ ва 5 қисми ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис ва бунёд карда шуданд.

“Роҳбарон ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар навбати худ, бояд вазифаи бевоситаи худ – ҳимояи давлат ва марзу буми Ватанро таъмин карда, дар айни замон ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбият, омодабошии ҷангӣ, тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавии ҳайати шахсӣ, махсусан, дар самти кор бо наваскарон эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд”, – ҳидоят намуд афсарону сарбозонро Эмомалӣ Раҳмон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.