Бозхонди иҷозатномаи ширкатҳои аудиторӣ барои пешниҳоди хулосаҳои носаҳеҳ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи ду ширкати баргузории аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзиро бозхонд кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, ширкатҳои “Аудитории Ш.Адолат” ва “БМҶ Аудит” ба пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар соли 2017 гунаҳкор […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи ду ширкати баргузории аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзиро бозхонд кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, ширкатҳои “Аудитории Ш.Адолат” ва “БМҶ Аудит” ба пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар соли 2017 гунаҳкор дониста мешаванд.

Қайд мешавад, ки ин ширкатҳо санаи 14 сентябри соли равон аз Рӯйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон мебошанд, хориҷ карда шудаанд.

Ёдрас мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои дар боло қайдшуда ҶДММ “Грант Торнтон”-ро низ аз Рўйхати мазкур дар соли 2017 хориҷ намуда буд.

Айни замон 10 ширкати аудиторӣ дар рӯйхати БМТ зикр шудаанд, ки ба онҳо барои гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ иҷоза дода шудааст: ҶДММ «Tоҷ-Аудит», ЧДММ «Делойт ва Туш», ҶДММ «Консультант аудит», ҶДММ «БДО», ҶДММ «Аудит-Консалтинг», ҶДММ «Бейкер Тилли Тоҷикистон», «Кроу Хорват ЭЙСИҶИ», ҶДММ «РСМ Тоҷикистон», ҶДММ «КРЕСТОН АС» ва Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder.

Боз ду ширкати дигар – “Шарқ-Аудит” ва “Тоҷик Аудит Консалтинг” ба баргузор намудани аудити ташкилоҳои қарзии хурд ҳуқуқ доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.