Дар Тоҷикистон 16% аз нақшаи пешбинишуда пахта ҷамъоварӣ шуд

Хоҷагиҳои фермерии Тоҷикистон аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил наздики 60 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 16% аз нақшаи пешбинишуда баробар аст. Аз оғози мавсим то 18 сентябр 59 ҳазору 413 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 16,2% аз нақшаро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон. Аз […]

Хоҷагиҳои фермерии Тоҷикистон аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил наздики 60 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 16% аз нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Аз оғози мавсим то 18 сентябр 59 ҳазору 413 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 16,2% аз нақшаро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Аз ҷумла дар вилояти Хатлон – беш аз 45,7 ҳазор, вилояти Суғд – 12,4 ҳазор ва ноҳияҳои тобеи марказ – зиёда аз 1,2 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ба хирманҳо рехта шуд.

Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар Тоҷикистон имсол охири моҳи август шурӯъ шуда, пунбадона дар майдони 187,5 ҳазор гектар кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13,5 ҳазор гектар зиёд аст.

То охири мавсим ҷамъоварии наздики 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта ҳудуди 390 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар ва ашёи хом барои саноати сабуки ватанӣ ба шумор рафта, ҳукуматдорони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки мақоми стратегии ин навъи зироатро ба пахта дубора баргардонанд.

Ҳанӯз соли гузашта зиёд кардани майдони кишти пунбадона дар ҷумҳурӣ оғоз гардида, барои кишти пунбадона заминҳои кишти зироати ғалладона ва хӯроки чорво тақрибан 12 ҳазор гектар кам карда шуд.

То ин замон заминҳои кишти пахта дар Тоҷикистон тӯли солҳои зиёд кам шуда, мутаносибан ҳосили он ҳам коҳиш меёфт. Агар соли 2012 барои кишти пунбадона наздики 200 ҳазор гектар замин ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2016 ин рақам ҳамагӣ 160 ҳазор гектарро ташкил медод.

Ҳамин тариқ, соли 2012 кишоварзони тоҷик – 418 ҳазор, соли 2013 – 393 ҳазор, соли 2014 – 372 ҳазор, соли 2015 – 335 ҳазор ва соли 2016 – 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карданд.

Соли 2017 бори нахуст тайи солҳои охир ба кишоварзони тоҷик муяссар шуд, ки ҳудуди 390 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, нақшаро 5,2% барзиёд иҷро кунанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар баробари алюминий пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии кишвар ва воситаи муҳими даромад ба буҷети давлатӣ шуморида мешуд. Солҳои 80-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳамасола то 800 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда мешуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.