Себзори Тошкандро барои сохтмони бинои сафорати Тоҷикистон омода мекунанд

Бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд дар маҳаллаи Себзор сохта шуда, аз рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ин мавзеъ кӯчонидани хонаҳо оғоз гардидааст, хабар медиҳад Газета.uz. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба «Газета.uz» дар ин робита хабар додааст, ки ба ҷойи 79 хонаҳои кӯчонидашуда бинои сафоратхонаҳои Ҳиндустон, Чин ва Тоҷикистон сохта мешаванд. “Бо […]

Asia-Plus

Бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд дар маҳаллаи Себзор сохта шуда, аз рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ин мавзеъ кӯчонидани хонаҳо оғоз гардидааст, хабар медиҳад Газета.uz.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба «Газета.uz» дар ин робита хабар додааст, ки ба ҷойи 79 хонаҳои кӯчонидашуда бинои сафоратхонаҳои Ҳиндустон, Чин ва Тоҷикистон сохта мешаванд.

“Бо назардошти дар паҳлӯи ин мавзеъ воқеъ будани бинои сафоратхонаи Қазоқистон, метавон гуфт, ки дар ин ҷо квартали дипломатии начандон бузург қомат меафрозад”, – қайд кардааст Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев.

Гуфта мешавад, дар ин 79 хона 370 нафар сабтином шуда, барои онҳо дар биноҳои сохтмонашон нав 240 хона ҷудо гардидааст, иттилоъ медиҳад нашрия. Дар маҷмӯъ ҷудо кардани 251 хона дар назар аст. Хонаҳо дар маҷмааи истиқоматии “Мегаполис” дар ноҳияи Юнусобод ва манзилҳои Golden House ҷудо карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҷонибҳо тавофуқ ҳосил карда буданд, ки барои сохтмони бинои сафоратхонаҳои кишварҳо дар марказҳои пойтахти ҳарду кишвар қитъаҳоизамин ҷудо карда мешавад.

Барои сохтмони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Тошканд 1 гектар қитъаи замин ҷудо мешавад. Қитъаи замин дар маркази Тошканд ҷудо шуда, корҳои сохтмони бинои сафорат, манзил барои дипломатҳои тоҷик, дигар иншооти зарурӣ ва ободонии қаламрави бино аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.