Қадрдонии Талбак Назаров бо ҷоизаи олии дипломатии Қазоқистон

Дар ҳузури  кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов 1  октябри соли равон ба собиқадори хизмати дипломатии Тоҷикистон Талбак Назаров ҷоизаи олии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон – медали ба номи Назир Турақуловро супорид. Тавре сомонаи Tajikistantimes.tj хабар медиҳад, Талбак Назаров, ки 12 сол Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, барои таҳкими муносибатҳои Қазоқистону […]

Tajikistantimes.tj

Дар ҳузури  кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов 1  октябри соли равон ба собиқадори хизмати дипломатии Тоҷикистон Талбак Назаров ҷоизаи олии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон – медали ба номи Назир Турақуловро супорид.

Тавре сомонаи Tajikistantimes.tj хабар медиҳад, Талбак Назаров, ки 12 сол Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, барои таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Дар Қазоқистон кӯшишу мусоидати ӯро барои ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани ҳамкориҳои  идораҳои сиёсати хориҷии Қазоқистон ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ Талбак Назаровро бо мукофоти Ҷумҳурии Қазоқистон табрик намуда, қайд кард, муносибатҳои байнидавлатии Қазоқистону Тоҷикистон ба рӯҳияи баланди шарикии стратегӣ ҷавобгӯ аст.

Сафир ба дипломати собиқадори тоҷик умри бардавому саломатӣ орзу намуда, ҳоҳони он шуд, ки насли ҷавони дипломатҳои Тоҷикистон аз таҷрибаи ғании дипломатии ӯ бархурдор гарданд. Сафир ҳамчунин аҳли кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо иди касбӣ – Рӯзи дипломатҳо муборакбод кард.

Дар навбати худ Талбак Назаров аз роҳбарияти Қазоқистон барои арзёбии баланди хидматҳои худ дар соҳаи дипломатӣ сипосгузорӣ карда, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиётӣ динӣ наздикӣ 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.