Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иваз шуд

Бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз вазифааш озод карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фармони Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, ки ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мансаб сабукдӯш мешавад. Мувофиқи фармони дигари Президент, Ёдгор Файзов иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин […]

Asia-Plus

Бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз вазифааш озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фармони Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, ки ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мансаб сабукдӯш мешавад.

Мувофиқи фармони дигари Президент, Ёдгор Файзов иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуд, ки қаблан вазифаи директори иҷроияи Фонди Оғо Хон дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи санаи 15 сентябр бо фаъолони ВМКБ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани ҳамаи камбудиҳои дар минтақа ҷойдошта, аз ҷумла мушкили таъмини амнияти аҳолӣ ва волоияти қонун як моҳ муҳлат дод. Пас аз ҷаласа роҳбарони чанде аз мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят иваз карда шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ