Вакилон: раиси нави ВМКБ комилан аз уҳдаи ҳаллу фасли мушкилоти вилоят мебарояд

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Нуралӣ Риёев, ки то моҳи июни соли ҷорӣ ба ҳайси муовини аввали раиси ВМКБ фаъолият дошт, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки раиси нави таъиншудаи ВМКБ Ёдгор Файзов комилан метавонад бисёре аз мушкилоти вилоятро ҳал кунад. “Файзов таҷрибаи роҳбарӣ ва муколама бо мардумро дошта, нисбати худ ва дигарон хеле серталаб ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Нуралӣ Риёев, ки то моҳи июни соли ҷорӣ ба ҳайси муовини аввали раиси ВМКБ фаъолият дошт, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки раиси нави таъиншудаи ВМКБ Ёдгор Файзов комилан метавонад бисёре аз мушкилоти вилоятро ҳал кунад.

“Файзов таҷрибаи роҳбарӣ ва муколама бо мардумро дошта, нисбати худ ва дигарон хеле серталаб ва сахтгир аст. Байни аҳолии вилоят обрӯву нуфуз дошта, рӯзҳои мушкил барои кишвар ва вилоят ҳамеша миёни мардум буд, ба онҳо сиёсати президент ва ҳукуматро шарҳ медод”, – қайд кард вакил.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз Файзов ҳангоми рӯйдодҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ нақши миёнарав байни ҳукумат ва собиқ фармондеҳони саҳроиро ба уҳда гирифта, “дар амал собит намуд, ки ҳам собиқ фармондеҳон ва ҳам намояндагони ҳукумат ӯро эҳтиром ва ба суханонаш гӯш медиҳанд”.

Вакили дигари палатаи поёнии парлумон аз ВМКБ Амрихудо Дамдор, ки замони шӯравӣ ҳамроҳи Ёдгор Файзов дар кумитаи вилоятии комсомол кор кардааст, ҳамчунин мутмаин аст, ки ӯ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бахубӣ мебарояд.

“Аз ҳама муҳимаш он аст, ки аксари аҳолии вилоят ба Файзов эътимод доранд, давраҳои вазнин ӯ миёни мардум буд, аз мушкилоти вилояти бахубӣ огаҳ буда, орзуву умедҳои мардуми минтақа барояш бегона нестанд”, – чунин мешуморад Дамдор.

Ёдгор Файзов 56-сола буда, зодаи ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон аст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси байтор мебошад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ВМКБ.

Солҳои 80-ум ба кумитаи вилоятии комсомол (ҷавонон) роҳбарӣ карда, солҳои 90-ум ба кор дар сохторҳои Фонди Оғо Хон дар Тоҷикистон гузашт. То таъинот ба ин вазифа дар сохторҳои ин фонд ба сифати роҳбар кор мекард. Забонҳои англисӣ ва олмониро медонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.