Дар доираи сафари расмӣ ба Япония Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Япония Акихито дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот таъкид шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар марҳилаи рушду тавсеаи бештар қарор дошта, то имрӯз байни ду кишвар зиёда за 420 лоиҳаи муштараки иҷтимоӣ ба маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ карда шудааст.
Ба рушду тавсеаи бештари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои молиявӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши хусусӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония барои дастгириҳои пайваста дар таълим ва таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Япония дар доираи барномаҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва кумакҳои техникию гуманитарӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Имрӯз дар Токио ҳамчунин мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима баргузор шуда, зимни вохӯрӣ ҳарду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот имконоти васеъи робитаҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла ҳамкории техникӣ – гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, истифодаи самараноки неруи инсонӣ, баррасӣ шуда, пешниҳод гардид, ки барои тайёр кардани кадрҳои дараҷаи баланди бахшҳои иқтисодиёт, идоракунӣ, ҳуқуқ, нақлиёт, телекоммуникатсия, тандурустӣ, тиҷорат, кишоварзӣ, туризм, бахши бонкӣ ва молиявӣ Маркази таълимии Япония дар Тоҷикистон бунёд гардад.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Шоми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Синичи Китаока мулоқот карда, дар ҷараёни мулоқот Японияо яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон номид.
Дар мулоқот Президенти мамлакат саҳми Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) – ро дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо махсус таъкид доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, мутобиқсозии стратегияҳои дуҷониба барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногун, бахусус се самти асосӣ – расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, табодули андеша карданд.
Дар доираи муносиботи дуҷониба рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои махсус, ҷалби сармояи японӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъсиси Фонди сармоягузории Япония ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, муҳим арзёбӣ гардид.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


