Барӯйхатгирии озмоишии аҳолӣ дар Душанбе ва Норак

Барои омодагӣ ҷиҳати барӯйхатгирии аҳолии саросари Тоҷикистон дар соли 2020 рӯзҳои 10-24 октябр дар ду маҳаллаи шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар шаҳри Норак маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. “Аз 10 то 24-уми октябри соли 2018 ҷиҳати татбиҝи лоиҳаи барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, дар маҳаллаҳои 64 ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Барои омодагӣ ҷиҳати барӯйхатгирии аҳолии саросари Тоҷикистон дар соли 2020 рӯзҳои 10-24 октябр дар ду маҳаллаи шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар шаҳри Норак маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.

“Аз 10 то 24-уми октябри соли 2018 ҷиҳати татбиҝи лоиҳаи барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, дар маҳаллаҳои 64 ва 91-уми шаҳри Душанбе ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад”, – хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Воситаҳои зарурӣ барои баргузор намудани ин маъракаҳо дар моддаи алоҳидаи буҷетҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

Фармони Президент «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020» моҳи октябри соли 2015 ба имзо расид.

Маблағгузорӣ ба баргузор кардани ин маърака аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ ва грантҳои созмонҳои байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳар 10 сол барӯйхатгирии нав

Ёдрас мекунем, ки бори охир барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон соли 2010 доир гардид.

То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Барои баргузор намудани ин маърака он замон аз буҷети давлатӣ 27 млн. сомонӣ (беш аз 6,1 млн. доллар) маблағ ҷудо гардида, ба кор дар он зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷалб шуданд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон ҳар як 10 сол маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад.

 Ба аввали соли 2018 шумори аҳолии Тоҷикистон наздики 8 млн. 931 ҳазор нафарро ташкил дод. Моҳи май дар ҷумҳурӣ сокини 9 миллионнафара ба дунё омад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио