ХБА алҳол ба додани қарзи имтиёзнок ба Тоҷикистон омода нест

Оғози амалисозии барномаи нави дастгирии Тоҷикистон аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта мешавад. Хазина баъзе ҷузъиёти созишномаи баимзомерасидаро саҳеҳ мекунад. Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал аз рӯи натиҷаҳои сафари охири худ ба Тоҷикистон изҳор намуд, ки “бо ҳукуматдорон дар бораи имзои имконпазири созишнома бо Хазина гуфтушунидҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Оғози амалисозии барномаи нави дастгирии Тоҷикистон аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта мешавад. Хазина баъзе ҷузъиёти созишномаи баимзомерасидаро саҳеҳ мекунад.

Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал аз рӯи натиҷаҳои сафари охири худ ба Тоҷикистон изҳор намуд, ки “бо ҳукуматдорон дар бораи имзои имконпазири созишнома бо Хазина гуфтушунидҳои пурмаҳсул анҷом додааст”.

“Байни ҳукуматдорон ва ҳайти ХБА иродаи қавӣ ва шарикии хуб ҳукмфармост. Баъзе ҷузъиётро саҳеҳ кардан зарур аст”, – гуфта мешавад дар изҳороти Ханделвал, ки Хазина рӯзи 9 октябр ба нашр расонидааст.

Ӯ қайд кардааст, ки бо ҳукумадорони Тоҷикистон мудом дар робитаи зич қарор хоҳад дошт, то ки дар имкони дастгирии молиявӣ аз ҷониби ХБА ба пешравиҳо дастёбӣ шавад.

“Мисли ҳамешагӣ Хазина ба дастгирии Тоҷикистон ва мардуми ҷумҳурӣ омода аст”, – иброз доштааст Падамжа Ханделвал.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо байни ХБА ва ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати барқарор кардани қарздиҳии имтиёзнок ба ҷумҳурӣ охири моҳи гузашта дар доираи сафари охири ҳайати Хазина ба Тоҷикистон баргузор шуданд.

Зимни сафар ҳайати Хазина бо муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саид, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дидору гуфтушунидҳо анҷом дод.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарзи навбатӣ муддати тӯлонӣ – аз соли 2012 идома доранд.

Муҳлати амали барномаи пешини сесолаи қарзи ХБА, ки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок дод, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида, тирамоҳи ҳамон сол раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак ба Хазина муроҷиат кард.

Намояндагони ХБА он замон изҳор доштанд, ки моҳҳои наздик мувофиқаи барномаи минбаъдаи сессола муяссар мегардад, вале муддати аллакай 6 сол аст, ки гуфтушунидҳо дар ин самт идома дошта, лекин то ҳол натиҷаи мушаххасе ҳосил нашудааст.

Дар доираи барномаи нави зикршуда Тоҷикистон барои дастгирии иқтисоди кишвар аз ХБА ба маблағи 500 млн. доллар қарзи имтиёзнок дастрас карданӣ буд.

Моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе машваратҳои ХБА бо Тоҷикистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он зикр гардид, ки «марҳилаи минбаъда баррасии шарт ва тадбирҳои сиёсат дар доираи барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ хоҳад буд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио