«Ӯзбекистон ҳаво йуллари» парвозҳоро ба Душанбе зиёд мекунад

Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ба реҷаи парвозҳо (навигатсия)-и мавсими зимистон гузашта, парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ва бозпас аз 29 октябр бо ҷадвали нав анҷом дода мешаванд: ду парвоз дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе. Рӯзҳои душанбе ҳавопаймои А320-и Ӯзбекистон соати 21:00 аз Тошканд парвоз ва соати 21:40 дақиқа ба Душанбе фуруд […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ба реҷаи парвозҳо (навигатсия)-и мавсими зимистон гузашта, парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ва бозпас аз 29 октябр бо ҷадвали нав анҷом дода мешаванд: ду парвоз дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе.

Рӯзҳои душанбе ҳавопаймои А320-и Ӯзбекистон соати 21:00 аз Тошканд парвоз ва соати 21:40 дақиқа ба Душанбе фуруд меояд. Ҳамин рӯз соати 23:15 аз Душанбе ба Тошканд парвоз сурат гирифта, ҳавопаймо соати 23:55 дақиқа ба Тошканд фуруд меояд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Ориф Рӯзимуродов, намояндаи  Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» дар Тоҷикистон.

“Рӯзҳои панҷшанбе ҳавопаймо аз Тошканд соати 01:00 парвоз карда, соати 01:40 дақиқа ба Душанбе мерасад. Парвоз аз Душанбе ба Тошканд соати чори субҳ сурат мегирад”, – қайд кард номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, тағйири ҷадвали парвозҳо ба фароҳам сохтани шароити мусоид ва қулай барои мусофирони транзитии Тоҷикистон вобаста аст, ки тариқи Тошканд ба самтҳои ИМА, кишварҳои Аврупо, Осиёи Чанубу Шарқӣ ва ҳамчунин шаҳрҳои кишварҳои узви ИДМ парвоз мекунанд.

То ин дам ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ки аз моҳи апрели соли гузашта ба иҷрои парвозҳо бо хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд шурӯъ намуда буд, дар як ҳафта рӯзи сешанбе як парвоз анҷом медод.

Айни замон байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо хатсайрҳои Тошканд – Душанбе ҳавопаймоҳои «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва бо хатсайри Душанбе – Бухоро ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” парвоз мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.