Вакил: аҳолӣ 27 сол ҷорӣ кардани тартиботро дар Хоруғ интизор буд

Аксарияти кулли сокинони ВМКБ зимни сафари моҳи сентябри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа аз Сарвари давлат ташаббуси ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят, асосан дар шаҳри Хоруғро интизорӣ доштанд, изҳор дошт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, академики АИ Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев. Ба гуфтаи ӯ, аҳолӣ интизор буд, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аксарияти кулли сокинони ВМКБ зимни сафари моҳи сентябри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа аз Сарвари давлат ташаббуси ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят, асосан дар шаҳри Хоруғро интизорӣ доштанд, изҳор дошт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, академики АИ Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев.

Ба гуфтаи ӯ, аҳолӣ интизор буд, ки кай дар Хоруғ волоияти қонун таъмин шуда, ҳамаи силоҳу муҳимоти ҷангии ғайриқонунӣ нигаҳдоришуда дар дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша мусодира мешавад.

“Кӣ намехоҳад, ки дар хонааш тартибот ҷорӣ бошад, то ки ҳеҷ чизе ба бехатариву амнияти кӯдаконаш таҳдид намояд, аз ин рӯ, аҳолии ВМКБ комилан президентро ҷонибдорӣ кард, зеро ҷинояткорон пеш аз ҳама ба дили худи онҳо задаанд”, – қайд кард Фелалиев.

Бино ба маълумоти ӯ, баъди интиқоди президент бо ташаббуси худи аҳолии Хоруғ гурӯҳҳои ташаббускор ташкил шуда, ба мақомот дар бесилоҳ гардонидани дастаҳои ҷиноятпеша ва ихтиёрӣ ба мақомот омадани шахсони алоҳида, ки барои содир намудани ҷиноятҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, кумаки назаррас расонида шуд.

Муовини раиси палатаи поёнии парлумон бовар дорад, ки ояндаи наздик ҳукуматдорони маҳаллӣ, сохторҳои қудратӣ ва худи аҳолии маҳаллӣ дар шаҳри Хоруғ волоияти қонун ва тартиботро ҷорӣ мекунанд.

Хотиррасон шуд, ки санаи 18 сентябр Сарвари давлат 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард. Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

“Рӯзи 1 октябр Президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро низ аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Ёдгор Файзовро таъин намуд. Ин дафъа Президент нишон дод, ки қотеъона дар қаламрави ВМКБ тартиботро ҷорӣ карданист. Инро аҳолии ВМКБ муддати беш аз 27 сол интизор буд”, – илова кард Фелалиев.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.