Боздошти ҷияни Толиб Айёмбеков ва 4 нафар дӯстони ӯ дар ВМКБ барои муқобилият ба кормандони милитсия

Date:

Дар посгоҳи Бидури ноҳияи Шуғнон рӯзи 15 октябр кормандони милитсия панҷ нафарро барои муқобилият ва итоат накардан ба дастурҳо боздошт намуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони ВМКБ.

Дар гузориши телевизионӣ қайд мешавад, ки кормандони милитсия автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2110”-ро бо рақамҳои транзитӣ дар посгоҳи БДА-и ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон боздошт мекунанд. Ронандаи автомашина ба талаботи кормандони БДА дар мавриди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо итоат накарда, барои фирор аз ҷойи ҳодиса талош мекунад.

“Ронанда мошинро ба сатми дигар гардонида гурехтанӣ мешавад, вале як корманди БДА худро болои он мепартояд. Бо вуҷуди ин, ронанда мошинро нигоҳ надошта, корманди милисаро болои қисмати пеши мошинаш то 300 метр бурдааст. Дар ниҳояти кор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мошинро манъ ва ронандаву чор нафар мусофирони онро боздошт мекунанд”, – қайд мешавад дар гузориш.

Миёни боздоштшудагон Абдураҳмон Айёмбекови 21-сола ҳузур дорад, ки додарзодаи Толиб Аёмбеков, яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ мебошад. Ҳамроҳи ӯ ронанда Навоӣ Бодурови 31-сола, Амид Давлатҷонови 30-сола, Мақсад Мазорови 32-сола ва Фахриддин Давлатови 26-сола низ боздошт шуданд.

“Ташхис нишон дод, ки ҳамаи боздоштшудагон дар ҳолати сархушӣ аз машрубот қарор дошта, аз дохили автомашина низ миқдори зиёди машрубот дарёфт шуд”, -зикр мегардад дар гузориши телевизионӣ.

МЕДИА (YOUTUBE)

Абдураҳмон Айембеков додарзодаи яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Толиб Айёмбеков аст. Падари Абдураҳмон – Оқил Айёмбеков ҳамроҳи ронандаи Толиб Айёмбеков – Ҳамза Муродов баъди рӯйдодҳои соли 2012 дар Хоруғ барои куштори генерал Абдулло Назаров, он замон сардори Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ, мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум шуданд.

Қобили зикр аст, ки Толиб Аёмбеков дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ёдгор Шомусалламов, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазориев аз ҷумлаи пешвоёни ғайрирасмии ВМК шуморида мешаванд, ки дар вилоят нуфузи зиёд доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...