Ғафур Эркаев: арзиши симкорт набояд аз 10 доллар зиёд бошад

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба операторони мобилӣ пешниҳод намудааст, ки мавқеи худро доир ба нархи ниҳоии симкортҳо муайян кунанд. Чор ширкати мобилӣ («Билайн», «Мегафон», «Вавилон», «Tcell»), ҳамчунин Ассотсиатсияи операторони мобилӣ аз хадамоти зиддиниҳисорӣ мактуб гирифта, дар он пешниҳод мешавад, ки аввали ҳамин ҳафта мавқеъ ва назари худро бобати муқаррар кардани нархи ниҳоии симкортҳо пешниҳод […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба операторони мобилӣ пешниҳод намудааст, ки мавқеи худро доир ба нархи ниҳоии симкортҳо муайян кунанд.

Чор ширкати мобилӣ («Билайн», «Мегафон», «Вавилон», «Tcell»), ҳамчунин Ассотсиатсияи операторони мобилӣ аз хадамоти зиддиниҳисорӣ мактуб гирифта, дар он пешниҳод мешавад, ки аввали ҳамин ҳафта мавқеъ ва назари худро бобати муқаррар кардани нархи ниҳоии симкортҳо пешниҳод намоянд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Асссосиатсия Ғафур Эркаев.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар навбати худ Хадамоти зиддинҳисорӣ дар ин хусус аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар дастур гирифтааст.

Эркаев қайд кард, ки пас аз дастрас шудани мактуб ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ ва ширкатҳои мобилӣ амалҳои худро дар ин самт баррасӣ намуданд.

«Мо чунин мешуморем, ки пешниҳоди кадом як ҷавобе доир ба ин масъалаи муҳим дар чунин фурсати кӯтоҳ воқеӣ нест. Мо бояд таҳлилҳои муайяни бозорро анҷом дода, танҳо баъди он як посухи мушаххас дода метавонем”, – иброз дошт ӯ.

Роҳбари Ассотсиатсия таъкид дошт, ки ба Хадамоти зиддинҳисорӣ мактуб фиристода, дархост намудааст, ки муҳлати ҷавоб ҳадди ақал то 1 ноябр мавқуф гузошта шавад, лекин то ҳол ба мактубаш посух нагирифтааст.

Эркаев бар ин назар аст, ки бо назардошти сатҳи зиндагӣ ва музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, нархи симкортҳо набояд аз 10 доллар зиёдтар бошад.

«Чунин мешуморам, ки зимни муқаррар кардани ин ё он тарифҳо, мо бояд воқеияти имрӯзаи зиндагиамонро ба инобат гирем”, – илова кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли ҷорӣ баъди ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ВКД пешниҳод намуд, ки нархи симкортҳо 1 ҳазор сомонӣ муқаррар шавад, лекин ба ширкатҳои мобилӣ муяссар шуд, ки нархро то 250 сомонӣ поин фароранд.

Мувофиқи тарифи тасдиқшуда, 250 сомонӣ нархи симкорт тариқи зайл муқаррар шудааст: 215 сомонӣ нархи пайвастшавӣ буда, 35 сомонӣ ба тавозуни муштарӣ дохил мешавад.

Операторони мобилӣ қайд карда буданд, ки тамоми маблағ ба суратҳисоби ширкатҳо гузаронида шуда, сипас аз онҳо андоз ситонида мешавад ва даромад аз ин ҳисоб бояд ҳатман ба таҳкими тадбирҳои амният дар ширкатҳо сарф шавад.

Пешниҳод шуда буд, ки аз 1 сентябри ҳамин сол фурӯши симкортҳо бо нархи 250 сомонӣ оғоз мегардад. Аммо охири моҳи август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи ҳукумат дастур дод, ки чунин нархгузорӣ ба симкортҳо то 1 январи соли оянда мавқуф гузошта шавад.

Сарвари давлат ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент дастур дод, ки масъалаҳои арзиши симкортҳо, истифодаи як симкорт аз ҷониби як нафар ва манъи фурӯши кортҳо ба кӯдакони синни то 14-сола мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон симкортҳо барои кӯдакони ноболиғро волидон метавонанд ба номи худ ё бо шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ба расмият дароранд. Шояд варианти охир бекор карда шавад.

Айни замон нархи васлшавӣ, яъне симкорт бепул буда, танҳо барои тарифи ҳадди ақал мебояд маблағ пардохт намуд, ки 20 сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти ширкатҳои мобилӣ, арзиши аслии як симкорт, ки ба Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ворид карда мешавад, ба 1,80 дирам баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.