Изҳори назари прокурори генералӣ, раисони КДАМ ва ВМКБ доир ба вазъи Хоруғ

Шабакаи телевизиони давлатии иттилоотии “Ҷаҳоннамо” рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар бораи ҷаласаи ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон оид ба таъмини волияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави ВМКБ, ки санаи 16 октябр дар Хоруғ бо иштироки раҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ВМКБ ва фаъолони вилоят доир гардид, гузориши муфассал намоиш дод. Зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси […]

Шабакаи телевизиони давлатии иттилоотии “Ҷаҳоннамо” рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар бораи ҷаласаи ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон оид ба таъмини волияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави ВМКБ, ки санаи 16 октябр дар Хоруғ бо иштироки раҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ВМКБ ва фаъолони вилоят доир гардид, гузориши муфассал намоиш дод.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Самумин Ятимов изҳор намуд, ки дар Хоруғ 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша “ҳукмронӣ” мекунанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз роҳбарони онҳо ном набурд.

Бино ба гуфтаи ӯ, муддати як моҳ дар шаҳри Хоруғ 183 адад силоҳи оташфишон мусодира шудааст.

Раиси КДАМ таъкид дошт, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи Хоруғ ҳамагӣ 10-15% силоҳу муҳимоти дар даст доштаашонро супурданд.

“Кӣ дар куҷову чӣ гуна силоҳро нигаҳдорӣ мекунад, мо медонем, мо ҳатто дақиқ медонем, ки дар дасти ҷинояткорон чӣ миқдор аслиҳа ҳаст”, – қайд кард Ятимов.

Ӯ таъкид дошт, ки амалиёти мусодираи силоҳ дар қаламрави Хоруғро КДАМ раҳбарӣ карда, ин амалиёт ба аҳолии осоишта нигаронида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бори дигар аз ҳамаи аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша даъват кард, ки силоҳ ва муҳимоти ҷангиашонро ихтиёрӣ супоранд.

“Агар аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ихтиёрӣ супурда шаванд, амалиёт газаронида намешавад”, – афзуд роҳбари КДАМ.

Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон дар суханрониаш қайд кард, ки як қисмати муайяни аҳолии ВМКБ ба маблағи умумии 71 млн. сомонӣ қарзҳои бонкии батаъхирафтода ва пардохтнашуда доранд.

Масалан, изҳор дошт ӯ, наздикони хешовандони Толиб Айёмбеков назди бонкҳо ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Прокурори генералӣ зикр кард, ки агар ояндаи наздик қарзҳо ба бонкҳо баргардонида нашаванд, нисбати қарзгирифтагон парвандаҳои ҷиноӣ боз мешаванд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов номи саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Хоруғ – Мунаввар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоҳир ва Ёдгорро номбар намуда, изҳори умедворӣ кард, ки нерӯҳои солими вилоят атрофи ӯ муттаҳид мешаванд.

“Наздикону оилаи ман аз таъин шуданам ба мансаби раиси ВМКБ хурсандӣ накардаанд. Дӯстону ҳамкоронам бо ин таъинот табрик накарда, танҳо барори кор хостанд. Агар ман, каси дигар ё шахси сеюм барои ҷорӣ кардани тартибот дар вилоят талош наварзем, инро каси дигаре ба уҳда намегирад”, – изҳор дошт Ёдгор Файзов.

Ӯ аз пешвоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша даъват кард, ки силоҳро ихтиёрӣ супоранд, вагарна мухолифат бо ҳукумат ба фоидаи онҳо анҷом намеёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.