Пирӯзии футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввали Чемпионати Осиё-2018

Дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол дар бозии аввали мусобиқаи Чемпионати Осё-2018 дар Индонезия бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи Чин дастболо шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ дар шаҳри Бекси доир гардида, тӯби ягонаро ба дарвозаи ҳарифон нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 77-уми бозӣ бо зарба аз […]

Дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол дар бозии аввали мусобиқаи Чемпионати Осё-2018 дар Индонезия бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи Чин дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ дар шаҳри Бекси доир гардида, тӯби ягонаро ба дарвозаи ҳарифон нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 77-уми бозӣ бо зарба аз масофаи 25-метр ба нишон расонид.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин 3 имтиёзро дар мусобиқаи Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «D» ба даст овард. Дар ин гурӯҳ тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи Малайзияро мағлуб карда, низ соҳиби 3 имтиёз шуд.

Бозиҳои навбатии футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) баргузор мешавад.  Ҳамаи  бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекаси баргузор мегарданд. Оғози бозиҳо соати 17:00 ба вақти Душанбе.

Аз рӯи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври минбаъда баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболбозони мамлакат бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” (Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Урдун) вориди рақобат мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша доир мегардад, иштирок мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.