Ҷашни пуршукӯҳи ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун дар Душанбе

Дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки устодони санъати ҷумуҳрӣ консерти пуршукӯҳ ва ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун намоиши театришуда доир мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдори пойтахт хабар доданд, агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун санаи 16 ноябр – […]

Дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки устодони санъати ҷумуҳрӣ консерти пуршукӯҳ ва ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун намоиши театришуда доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдори пойтахт хабар доданд, агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун санаи 16 ноябр – ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Ғайр аз ин, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, рӯзи 16 ноябр дар пойтахт ба ифтихори Рӯзи Президент боз як қатор чорабиниҳои дигар баргузор мешаванд.

Аз ҷумла, бо ташаббус ва таҳти сарпарастии мақомоти шаҳрдорӣ дар мавзӯъҳои нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳми ӯ дар расидан ба сулҳу созиш дар ҷумуҳурӣ мизҳои гирду семинарҳо ва дар китобхонаҳои шаҳр намоишгоҳи китобҳои Президент барпо мегардад.

Дар худи мақомоти шаҳрдории Душанбе бо иштироки фаъолони пойтахт маҷлиси ботантана баргузор мешавад.

Мақомоти шаҳрдорӣ ба муносибати Рӯзи президент барои сокинон ва меҳмонони пойтахт тамошои бепули боғҳои фарҳангу истироҳат ва истифодаи бепул аз аттрксионҳо барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро ташкил мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.