Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар дафтари кории Бонки ҷаҳонӣ барои намояндагони васоити ахбори умум дар мавзӯи камбизоатӣ семинар гузаронида мешавад;

– Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳавопаймои нави харидааш – Bombardier CRJ200-и истеҳсоли Канадаро муаарифӣ мекунад. Оғоз соати 14:00;

– Дар Душанбе фестивали байнулмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” ба кори худ идома медиҳад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4190 сомонӣ;

1 евро – 10.7424 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1435 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1933 – Дар Душанбе корхонаи нахустини дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд, аз соли 1964 – дар ҳайати корхонаи «Гулистон».

1961 – Унвони Шоири (Нависандаи) халқии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

1963 – Ҷилди аввали «Таърихи халқи тоҷик», ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи таърихи Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон таҳия шуд, ба табъ расид.

2012 — Дар Тоҷикистон Кодекси аввали шаҳрсозӣ қабул шуд.

1907 – Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон ва тарҷумон Василий Кириллов.

1910-1981 – Мавлуди олим ва табиб, академик Комил Тоҷиев.

1913-1989 – Зодрӯзи нависанда Ҳоҷӣ Содиқ.

1940-2001 – Мавлуди дипломат Карим Юлдошев.

1941 – Зодрӯзи актёри театр Бердӣ Мингбоев.

1951 – Мавлуди иқтисодчӣ Султонмурод Исмоилов.

1952 – Зодрӯзи нависанда Субҳон Ёдгорӣ.

1953 – Мавлуди собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +17+22.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +14+19; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона +2+7.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +16+21.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +26+28.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +15+17.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...