Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар рӯйхати 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба феҳристи 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё дар соли 2018 шомил шуд. Ин рӯйхат ҳамасола дар сомонаи Themuslim500.com нав мешавад. Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид, ки имсол ба он Ҳабиб Нурмуҳаммедов низ номнавис шудааст. Ба ҷуз Ҳабиб […]

Asia-Plus

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба феҳристи 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё дар соли 2018 шомил шуд. Ин рӯйхат ҳамасола дар сомонаи Themuslim500.com нав мешавад.

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид, ки имсол ба он Ҳабиб Нурмуҳаммедов низ номнавис шудааст.

Ба ҷуз Ҳабиб Нурмуҳаммедов, ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини саросари дунё боз 7 нафари дигар низ  аз олами варзиш шомил гардидааанд: ҳамлагари тими футболи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ, нимҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Пол Погба”, футболбози “Арсенал” Месут Озил, собиқ сармураббии “Реал” Зинетдин Зидан, собиқ номазад ба мансаби президенти ФИФА Алӣ бин Ал-Ҳусейн, крикетбоз Ҳошим Амла ва регбибоз Сонни Уилямс.

Ҳамлагари тими “Ливерпул” ва мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ ягона варзишгарест, ки дар қатори 50 нафари аввали феҳрист (46-ум) қарор дорад.

Дар рейтинги 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пешсаф аст. Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Оғо Хони IV дар зинаи 36-уми рейтинг ҷойгир шудааст.

Дар рӯйхати 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё аз сиёсатмадорон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров, сарони кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон ва Туркманистон ҳузур доранд.

Ҳамчунин дар феҳристи мазкур номи муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва муфтии Ӯзбекистон Усмон Олимов низ зикр шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.