Маҳмадсаид Убайдуллоев барои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон “долони сабз” дархост кард

Дар Шӯрои Федератсияи Русия рӯзи 25 октябр Форуми VI байнипарлумонии “Русия ва Тоҷикистон: нерӯи ҳамокрии байни минтақавӣ” доир гардид. Сарони кишварҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни форум паём фиристоданд. Зимни кори форум раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко хотиррасон намуд, ки ин кишвар шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тӯли 8 моҳи соли равон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Шӯрои Федератсияи Русия рӯзи 25 октябр Форуми VI байнипарлумонии “Русия ва Тоҷикистон: нерӯи ҳамокрии байни минтақавӣ” доир гардид. Сарони кишварҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни форум паём фиристоданд.

Зимни кори форум раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко хотиррасон намуд, ки ин кишвар шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тӯли 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба беш аз 620 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта зиёда аз 30% бештар буда, дар ҳамин ҳол, ҳачми воридот аз Тоҷикистон қариб 4 маротиба афзудааст.

Валентина Матвиенко ҳамчунин дар бораи тавсеъа ва гуногунсозии додугирифти дуҷониба, рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия ва дар ин робита таъсиси марказҳои нигаҳдорӣ ва тақсиму фурӯши яклухт дар Тоҷикистон, сабуксозии шароитҳои ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар, мутобиқшавии онҳо ба муҳити фарҳангиву иҷтимоӣ, фаъолияти пурсамари омӯзгорони рус дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба изҳори назар кард.

Дар навбати худ Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд кард, ки Форуми байнпарлумонии Русия ва Тоҷикистон ба яке аз воситаҳои пуриқтидори рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамгиройии манфиатҳои ҳаётан муҳими дуҷониба табдил ёфта, асоси боъэтимоди муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба ҳукумати Русия пешниҳод намуд, ки масъалаи назорати осонтари гумрукӣ барои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад.

“Мо барои сабзавоту меваи худ “долони сабз” дархост мекунем, бегона нестем ва ба шумо наздикем”, – ин гуфтаҳои ӯро аҳли толор бо чапакзанӣ истиқбол намуданд.

Дар ин робита Валентина Матвиенко чунин гуфт:

“Мо ният дорем, ки тартиби осонтари воридоти маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ба Русия ва роҳандозии воситаҳои молиявии пурсмар барои ҳисоббаробаркунӣ бо асъорҳои миллиро баррасӣ намоем”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.