ВКД: Файзулло Гадоев ғоибона маҳкум ва мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон Файзулло Гадоев ғоибона ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, собиқ мубориз бо қочоқи маводи мухаддир аз ҷонби Суди олии Тоҷикистон маҳкум шуда, лекин айни ҳол мавриди […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон Файзулло Гадоев ғоибона ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, собиқ мубориз бо қочоқи маводи мухаддир аз ҷонби Суди олии Тоҷикистон маҳкум шуда, лекин айни ҳол мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Сухангӯи ВКД маълумоти қаблан интишоршударо дар бораи тобистони ҳамин сол дар Узбекистон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шудани Гадоев ва ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супоридани ӯро рад кард.

“Беш аз як сол пеш Файзулло Гадоев мавриди пайгард эълон шуда, то ҳол ҷустуҷӯ карда мешавад”, – илова намуд Умарҷони Эмомалӣ.

Дар сомонаи расмии ВКД ҶТ рӯзи шанбе доир ба нисбати Файзулло Гадоеви 59-сола содир шудани ҷазои 28 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маълумот нашр шуд.

Ӯ санаи 15 октябр мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд. Лекин дар маълумот зикр нагардида буд, ки ҳукм ғоибона содир шудааст.

Баъдан як манбаи “Азия-Плюс” дар сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки Гадоев аввали тобистони соли ҷорӣ бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дар Ӯзбекистон боздошт ва ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супарда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.