Ду баробар афзоиши хароҷоти буҷет ба комплекси таъмини сӯзишворӣ ва энергетика

Хароҷоти буҷети давлатӣ ба маблағгузории комплекси таъмини сӯзишворӣ ва энергетика имсол қариб ба 3 млрд. 220 млн. сомонӣ (наздики 342 млн. доллар) афзуд. Мувофиқи тағйироту илова ба буҷети давлатии соли 2018, барои маблағгузорӣ ба ин соҳа то охири сол беш аз 6,7 млрд. сомонӣ (беш аз 710 млн. доллар) маблағ равона мегардад. Нахуст ҳаҷми ин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хароҷоти буҷети давлатӣ ба маблағгузории комплекси таъмини сӯзишворӣ ва энергетика имсол қариб ба 3 млрд. 220 млн. сомонӣ (наздики 342 млн. доллар) афзуд.

Мувофиқи тағйироту илова ба буҷети давлатии соли 2018, барои маблағгузорӣ ба ин соҳа то охири сол беш аз 6,7 млрд. сомонӣ (беш аз 710 млн. доллар) маблағ равона мегардад. Нахуст ҳаҷми ин воситаҳо наздики 3,5 млрд. сомониро ташкил медод.

Дар ин робита каср (камбуд)-и буҷети давлатӣ аз 0,5% то ба 4,2% ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ – аз 334 млн. то 2,8 млрд. сомонӣ зиёд шуд.

Ба сарчашмаҳои пӯшонидани касри буҷет баъди ворид кардани тағйирот ба он банди “аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) – ҳудуди 2,5 млрд. сомонӣ” илова шудааст.

То ин замон рӯйпӯш кардани хароҷоти буҷет аз сарчашмаҳои зерин пешбинӣ шуда буд:

– ворид шудани маблағ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ – 26 млн. сомонӣ;

– ворид шудани маблағ аз ҳисоби фурӯши вескелҳои хазинадорӣ – 95 млн. сомонӣ;

– иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ – 10, 1 млн. сомонӣ;

– аз ҳисоби фоизҳои амонатҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, қарзҳо (грантҳо)-и ташкилотҳои молии байнулмилалӣ – 203 млн. сомонӣ.

Ҳаҷми қисмати дармади буҷет барои соли 2018 қариб ба андозаи 750 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Ба даст овардани ин воситаҳои иловагӣ аз ҳисоби воридоти маблағҳои ғайриандозӣ пешбинӣ мегардад.

Қаблан аввали моҳи октябр зимни баррасии тағйироту иловаҳо ба буҷет дар парлумон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор намуда буд, ки маблағгузории иловагӣ ба комплекси таъмини сӯзишворӣ ва энергетика аз ҳисоби фурӯши сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, ҳамчунин воситаҳои дар ихтиёри вазоратҳо қарордошта аз ҳисоби фурӯши евробондҳо дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ сурат мегирад.

Вазир он замон таъкид дошта буд, ки қисмате аз воситаҳои буҷетӣ, ки ба комплекси таъмини сӯзишворӣ ва энергетика ҷудо мешаванд, ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио