БҶ: Шароити пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон соли охир бад шуд

Дар рейтинги Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди тиҷорат 2019” (Doing Business 2019) мақоми Тоҷикистон се банд поин рафта, байни 190 кишвари саросари ҷаҳон мақоми 126-умро ишғол намуд. Дар муқоиса бо соли гузашта таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) аз 10 нишондиҳандаи Doing Business мавқеи Тоҷикистонро дар 7-тоаш поин бурданд. Аз ҷумла: -бақайдгирии корхонаҳо (зинаи 60-ум, – 3 мавқеъ); […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар рейтинги Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди тиҷорат 2019” (Doing Business 2019) мақоми Тоҷикистон се банд поин рафта, байни 190 кишвари саросари ҷаҳон мақоми 126-умро ишғол намуд.

Дар муқоиса бо соли гузашта таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) аз 10 нишондиҳандаи Doing Business мавқеи Тоҷикистонро дар 7-тоаш поин бурданд.

Аз ҷумла:

-бақайдгирии корхонаҳо (зинаи 60-ум, – 3 мавқеъ);

– андозбандӣ (зинаи 136-ум, – 4 мавқеъ);

-таъмини иҷрои қарордодҳо (зинаи 61-ум, – 7 мавқеъ);

– ҳифзи сармоягузорони миноритарӣ (зинаи 38-ум, – 5 мавқеъ);

– дастрасӣ ба қарзҳо (зинаи 124-ум, – 2 мавқеъ);

– васл шудан ба низоми таъмин бо барқ (зинаи 173-юм, – 2 мавқеъ);

– бақайдгирии моликият (зинаи 91-ум, – 1 мавқеъ).

Дар ҳамин ҳол, танҳо дар се нишондиҳандаи гузориш мавқеи Тоҷикистон беҳтар шудааст:

– иҷозати пардохтнопазирӣ (зинаи 146-ум, + 2 мавқеъ);

– савдои байнулмилалӣ (зинаи 148-ум, +1 мавқеъ);

– иҷозат ба сохтмон (зинаи 135-ум, + 1 мавқеъ).

Чун соли пешин Зеландияи Нав, Сингапур ва Дания пешсафони рейтинг мебошанд. Ба даҳгонаи кишварҳои дорои шароити бештар мусоид барои тиҷорат ҳамчунин Гонконг, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Норвегия, ИМА, Британияи Кабир ва Македония шомиланд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон мақоми 28-ум, Қирғизистон – 70 ва Ӯзбекистон зинаи 76-умро касб намуда, Туркманистон дар рейтинг ҳузур надорад.

Дар муқоиса бо соли гузашта Русия мавқеи худро 5 зина беҳтар намуда, айни замон дар мақоми 31-уми рейтинг қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио