Чӣ гуна беҳтар аст? Капитан, садавар ё сарвашт? (ТЕСТ)

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки рутбаҳои низомии даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба тоҷикӣ иваз намояд. Бо ин мақсад Кумитаи забон ва истилоҳот гурӯҳи махсусе таъсис дод, ки ба ҳайати он олимони таърихшиносон ва низомиён шомиланд. Гурӯҳ алҳол бо омӯзиши асарҳои олимони сулолаи Ҳахоманишинон, Сосониён ва Сомониҳо ва баррасии вариантҳои тоҷикии рутбаҳои низомӣ машғул аст. Аллакай номгӯи […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки рутбаҳои низомии даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба тоҷикӣ иваз намояд.

Бо ин мақсад Кумитаи забон ва истилоҳот гурӯҳи махсусе таъсис дод, ки ба ҳайати он олимони таърихшиносон ва низомиён шомиланд.

Гурӯҳ алҳол бо омӯзиши асарҳои олимони сулолаи Ҳахоманишинон, Сосониён ва Сомониҳо ва баррасии вариантҳои тоҷикии рутбаҳои низомӣ машғул аст. Аллакай номгӯи озмоишии рутбаҳои нави низомӣ барои артиши Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратӣ таҳия шудааст. Дар Кумита алҳол сари ивази рутбаҳои ҳайати олии фармондеҳӣ – генерал-майор, генерал-лейтенант ва генерал-полковник сари як хулоса наомадаанд.

Дар тести мо ин вариантҳои Кумита дар ду сатри аввал ҷойгиранд. Ҳамчунин мо вариантҳои рутбаҳои низомӣ дар воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Эронро пешниҳод менамоем. Ва боз номи рутбаҳоеро, ки имрӯз истифода мешаванд.

Кадом вариант барои Шумо бештар фаҳмо ва писанд аст? Овоз медиҳем? Пас аз овоздиҳӣ фиристодани ин намунаи тестро фаромӯш накунед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио