Ду медали дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Осиё

Рӯзҳои 3-4 ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо баргузор гардида, намояндагони Тоҷикистон сазовори ду медал шуданд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг сазовори медали тилло шуд. Саидҷалол мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Алман Калиев ғалаба кард. Ӯ […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 3-4 ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо баргузор гардида, намояндагони Тоҷикистон сазовори ду медал шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг сазовори медали тилло шуд. Саидҷалол мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Алман Калиев ғалаба кард. Ӯ дар финал намояндаи дигари кишвари мизбон Жассулан Муҳаметхановро шикаст дод.

Гуфта мешавад, паҳлавони дигари кишвар Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг медали нуқраро ба гардан овехт. Хайёмиддин дар даври чорякфинал бар варзишгари мизбон Еркебулан Аманкос ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар намояндаи дигари кишвари мизбон Нурлан Аразалин дастболо шуд, вале дар финал аз варзишгари Юнон Ҷорҷиос Азоидис шикаст хурд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз Тоҷикистон ҳамчунин Иброҳим Саидакбаров низ дар вазни -73кг иштирок карда, аммо дар рақобати аввал аз Бауржан Сагингалиулуи қазоқистонӣ мағлуб шуд.

Қайд мешавад, ки дар мусобиқа 76 варзишгар (56 мард, 20 зан) аз 7 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо як медали тилло ва як нуқра баъд аз Қазоқистон ва Юнон ҷои сеюмро ишғол намуд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо бахшида ба гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев мусобиқаи рейтингӣ мебошад. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ба имтиёзҳо дар рейтинги ҷаҳонӣ соҳиб мешаванд. Ғолиби мусобиқа – 100 имтиёз, зинаи дуюм – 60 ва мақоми 3-юм – 40 имтиёз мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.