Толибилмони “Империя знаний” аз Маскав 32 медал оварданд

Тарбиятгирандагони Академияи арифметикаи зеҳнии «Империя знаний»-и Тоҷикистон дар олимпиадаи байнулмилалӣ дар шаҳри Маскав соҳиби 28 медал шуданд. Боз 4 медали дигарро онҳо дар мусобиқаи чемпионати Roboliga World ба даст оварда, ба туфайли он Тоҷикистон ҷоми Robooky-ро гирифт. Рӯзҳои 3-4 ноябр дар Шаҳри Маскав олимпиада оид ба арифметикаи зеҳнӣ, робототехника ва инжиринг доир гардид. Дар он […]

Тарбиятгирандагони Академияи арифметикаи зеҳнии «Империя знаний»-и Тоҷикистон дар олимпиадаи байнулмилалӣ дар шаҳри Маскав соҳиби 28 медал шуданд. Боз 4 медали дигарро онҳо дар мусобиқаи чемпионати Roboliga World ба даст оварда, ба туфайли он Тоҷикистон ҷоми Robooky-ро гирифт.

Рӯзҳои 3-4 ноябр дар Шаҳри Маскав олимпиада оид ба арифметикаи зеҳнӣ, робототехника ва инжиринг доир гардид. Дар он 350 нафар толибилмон аз 10 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Абхозистон ширкат варзиданд.

Академияи арифметикаи зеҳнии «Империя знаний» 33 нафар толибилмони худро ба ин олимпиада фиристода, дар 9 номинатсияи арифметикаи зеҳнӣ онҳо 28 мақоми ҷоизавиро ишғол намуданд: 6 медали тилло, 11 нуқра ва 11 биринҷӣ.

Дар флеш-чемпионат Абӯбакр ва Ёсуман Исмозода зинаҳои дуюм ва сеюмро касб карданд. Акнун беҳтаринҳо ба олимпиадаи PAMA Global Abacus & Mental Arithmetic Association ба Малайзия мераванд.

Дар чемпионат оид ба эҷодиёти техникӣ Roboliga World Тоҷикистон дар се номинатсия иштирок карда, ду ҷойи аввал, ду ҷойи сеюм ва роҳхат ба Барселонаро ба даст овард. Дар ҳисоби умумидаставӣ оид ба медалҳо байни 10 кишвар Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол кард.

Қобили зикр аст, ки иштироки тарбиятгирандагони “Империя знаний” дар ин олимпиада бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муяссар гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.