Оғози қабули дархостҳои грант оид ба лоиҳаҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ

Сафорати Иёлоти Муттаҳида бо камоли мамнуният озмуни Хазинаи сафиронро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ барои соли 2019 (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд. Аз довталабон талаб карда мешавад, ки аввал консепсияи лоиҳаро дар ду саҳифа пешниҳод кунанд. Пас аз интихоби консепсияҳои беҳтарин, аз довталабони интихобшуда хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи худро ба таври пурра пешниҳод намоянд. ХСҲМФ […]

Иттилоияи расмӣ

Сафорати Иёлоти Муттаҳида бо камоли мамнуният озмуни Хазинаи сафиронро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ барои соли 2019 (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд.

Аз довталабон талаб карда мешавад, ки аввал консепсияи лоиҳаро дар ду саҳифа пешниҳод кунанд. Пас аз интихоби консепсияҳои беҳтарин, аз довталабони интихобшуда хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи худро ба таври пурра пешниҳод намоянд.

ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ ва таърихӣ, арзёбӣ ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани мавзеҳои муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ намудани технологияи ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд дастгирӣ менамояд.

Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва изҳор намудани эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият.

То ба имрӯз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 17 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи 619,658 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.

Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 26 ноябри соли 2018 мебошад. Ҳуҷҷатҳои супоридашуда аз рӯзи пешниҳод шуданашон таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо пеш аз муҳлати ниҳоӣ қобили қабул аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.