Тоҷикистон муқобили қатъномаи нави Қрим дар СММ овоз дод

Тоҷикистон ва боз 25 давлати дигар муқобили лоиҳаи қатъномаи нав “Вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Мухтори Қрим ва ш. Сеастопол (Украина), ки дар ҷаласаи кумитаи сеюми Асамблеяи генералии СММ қабул шуд, овоз доданд, хабар дод дар Twitter-и худ Намояндагии Украина дар СММ. Дар маҷмӯъ лоиҳаро 67 кишвар маъқул шуморида, 83 давлат аз раъйдиҳӣ даст кашиданд […]

Аваз Юлдошев

Тоҷикистон ва боз 25 давлати дигар муқобили лоиҳаи қатъномаи нав “Вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Мухтори Қрим ва ш. Сеастопол (Украина), ки дар ҷаласаи кумитаи сеюми Асамблеяи генералии СММ қабул шуд, овоз доданд, хабар дод дар Twitter-и худ Намояндагии Украина дар СММ.

Дар маҷмӯъ лоиҳаро 67 кишвар маъқул шуморида, 83 давлат аз раъйдиҳӣ даст кашиданд ва 26 кишвар муқобили он овоз доданд.

Аз ҷумла давлатҳои зерин муқобил овоз доданд: Арманистон, Беларус, Боливия, Бурунди, Камбоҷаа, Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Мянма, Никарагуа, Россия, Сербия, Ҷумуҳрии Африқои Ҷанубӣ, Судони Ҷанубӣ, Судон, Сурия, Тоҷикистон, Уганда, Ӯзбекистон, Венесуэла, Зимбабве.

Пас аз овоздиҳӣ дар Кумита лоиҳаро Ассамблеяи генералии СММ баррасӣ мекунад. Овоздиҳӣ моҳи декабри ҳамин сол дар назар аст.

Дар қатънома зикр мегардад, ки аз соли 2014 ҳукуматдорони Русия дар масоили сиёсӣ барои гирифтани нишондоди бардурӯғ аз шиканҷа истифода карда, ҳамчунин шаҳрвандони Украинаро ғайриқонунӣ боздошт ва ба ҳабс мегиранд.

Дар санад аз созмонҳои байнулмилалӣ ва муассисаҳои махсуси СММ талаб шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ нимҷазираи украиниро танҳо бо номи “Ҷумҳурии Мухтори Қрим ва шаҳри Севастопол (Украина)”, ки муваққатан аз ҷониби Русия ишғол шудаанд, зикр намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.