Шубҳаи ҷиддии аудиторон аз фаъолияти “Барқи тоҷик” дар ояндаи наздик

Ташхиси аудитории "Барқи Тоҷик" собит кардааст, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ки нусхаи хулосаи аудиторон рӯзи 20-уми ноябр дастраси ин хабаргузорӣ шудааст, аудит ё ташхиси ҳисобдории "Барқи Тоҷик"-ро ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, […]

Asia-Plus

Ташхиси аудитории "Барқи Тоҷик" собит кардааст, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ки нусхаи хулосаи аудиторон рӯзи 20-уми ноябр дастраси ин хабаргузорӣ шудааст, аудит ё ташхиси ҳисобдории "Барқи Тоҷик"-ро ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия анҷом додааст.

Гуфта мешавад, аудиторон пас аз ташхиси дахлу харҷи "Барқи Тоҷик" муайян кардаанд, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияти худ 3 миллиарду 406 миллиону 156 ҳазор сомонӣ зиён дидааст. Аудиторони ширкати MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL дар яке аз бандҳои хулосаашон навиштаанд, фаъолияти "Барқи Тоҷик" "бо номуайянии амиқ" рӯ ба рӯ аст.

Қайд шудааст, ки бар замми зиёни молиявии беш аз 3-миллиардӣ, уҳдадориҳои молиявии ҳолдинг аз дороиҳои кӯтоҳумуддат дида 8,5 миллиард сомонӣ бештар будааст.

Зикр мегардад, ки бо назардошти ин вазъият, аудиторон дар хулосаашон навиштаанд, "ин ва дигар масъалаҳо номуайнии амиқро" дар кори ширкат нишон медиҳанд ва "имконияти идомаи фаъолияти гуруҳро (манзур ширкати "Барқи Тоҷик") дар ояндаи наздик зери шубҳаи ҷиддӣ қарор медиҳад.

“Агар “Барқи тоҷик” минбаъд аз саҳҳоми худ (Кумиттаи давлатии амвол – эзоҳи “Азия-Плюс”) ва дигар ҷонибҳои ба он марбут, ҳамчунин ниҳодҳои молӣ дастгирӣ наёбад, дар ояндаи наздик ба идомаи фаъолият қодир нахоҳад буд”, – омадааст дар хулосаи аудиторон.

Ширкати дорои қарзҳои ҳангуфт

Қарзи умумии ширкати “Барқи тоҷик” ба аввали нимсолаи дуюми соли равон беш аз 15,1 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми он аз рӯи қарзҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аввали соли равон ба 11 млрд. сомонӣ баробар мебошад.

Ғайр аз ин, ба аввали нимсолаи дуюми соли равон ширкат аз андоз – 109,2 млн. сомонӣ, назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 – 1 млрд. сомонӣ, нерӯгоҳи Сангтӯда-2 – 1 млрд. 221,5 млн. сомонӣ, ҳамчунин ҶСК “Ориёнбонк” – 1,8 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби хариду таъминот бо ангишт – 14,8 млн. сомонӣ қарздор аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.