Вохӯрии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ дар Маскав

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар Маскав қарор дошта, имрӯз дар вохӯрии ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат меварзад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шӯрои амнияти Тоҷикистон. Вохӯрӣ таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патуршев доир гардида, дар он масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва байнулмилалӣ дар паҳнои […]

Asia-Plus

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар Маскав қарор дошта, имрӯз дар вохӯрии ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат меварзад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шӯрои амнияти Тоҷикистон.

Вохӯрӣ таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патуршев доир гардида, дар он масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва байнулмилалӣ дар паҳнои кишварҳои узви Созмон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Як сол пеш дар чунин вохӯрӣ ба масоили марбут ба муқовимат ба таблиғи афкори равияҳои тундгаро дар қаламрави ИДМ, фаъолияти Маркази зиддитеррористии ИДМ, ҳамчунин муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои бармеомада аз созмонҳои террористӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда буд.

Он замон Патрушев қайд карда буд, ки паҳншавии тундгароии динӣ яке аз таҳдидҳои асосӣ ба таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ахиран зуҳуроти ифротгароӣ бо истифода аз дастовардҳои илмӣ бештар бузурмиқёстар ва серпадидатар мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.