Ҳукми ҳабси абад ба роҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ

Суди олии Тоҷикистон имрӯз роҳбари гурӯи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Дангара Ҳусейн Абдусамадовро ба ҳабси абад маҳкум кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Гуфта мешавад, дар ҷаласаи сайёри судӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлияи Тоҷикистон судяи Суди олӣ ҳукми ҳабси абади Ҳусейн Абдусамадовро қироат намуд. Боз ду иштирокчии ин парванда Кароматулло Ғаниев ва […]

Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон имрӯз роҳбари гурӯи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Дангара Ҳусейн Абдусамадовро ба ҳабси абад маҳкум кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи сайёри судӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлияи Тоҷикистон судяи Суди олӣ ҳукми ҳабси абади Ҳусейн Абдусамадовро қироат намуд. Боз ду иштирокчии ин парванда Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ҳамчунин боз 12 нафар барои хабар надодан дар бораи ҷиноят (моддаи 347 КҶ ҶТ) ба муҳлатҳои аз як то якуним соли зиндон маҳкум шуданд.

Қаблан ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди олии Тоҷикистон хабар дода буд, дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли бераҳмонаи чор сайёҳи велосипедрони хориҷӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ аз суд дархост намуд, ки роҳбари гурӯҳ Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум карда шавад. Зикр гардида буд, ки Абдусамадов ба гуноҳаш иқрор шуда, вале пушаймонӣ изҳор накардааст.

Нисбати Ҳусейн Абдусамадов мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз қабили куштор бо бераҳмии махсус, терроризм, ифротгароӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, барқасдона нобуд кардани амвол, ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар ва ғайра парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд

Дар Суди олии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда махфӣ набуда, вале на ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла журналистон низ ба он роҳ дода шуда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июли соли равон дар қаламрави ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла сурат гирифта, дар натиҷа чор нафари онҳо – ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд ва як шаҳрванди Швейтсария ҳалок ва боз ду сайёҳи дигар захмӣ шуданд.

Дар ҷараёни амалиёти махсус чор нафар гумонбарон дар содир намудани ҳамла кушта шуда, танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда дастгир шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.