Чакани тоҷикӣ ба Рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид шуд

Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 29 ноябр дар ҷаласаи солонааш дар Маврикий чакан, як навъи гулдӯзии маъмул дар ҷануби Тоҷикистонро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба вазири фарҳанги Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои […]

АМИТ “Ховар”

Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 29 ноябр дар ҷаласаи солонааш дар Маврикий чакан, як навъи гулдӯзии маъмул дар ҷануби Тоҷикистонро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба вазири фарҳанги Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон 5 сол боз талош дошт, то ЮНЕСКО чаканро ҳамчун мероси башарият бипазирад.

Ёдрас мешавад, ки  ЮНЕСКО ду сол қабл оши палав ва Ҷашни Наврӯзро низ ба рӯйхатти мӯътабари мероси ғайримоддии инсоният шомил карда буд.

Дар муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.

Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву эзори чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».

Соли 2016 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Ӯзбекистон оши палавро ва бо пешниҳоди 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз ин соли нави мардуми Шарқро низ ба Рӯйхатти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда буд.

То имрӯз Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки соли 2008 бо ҳадафи ҳифзи  суннатҳо ва  арзишҳои халқҳои гуногуни олам таъсис шудааст, 509 номгӯи урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.