Милитсия даракдиҳии ҷабрдидагонро аз қаллоб дар Суғд дархост дорад

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сокини 31-солаи шаҳри Бӯстон Фаррух Ҳалимовро боздошт намуданд, ба як силсила ҳодисаҳои қаллобӣ даст дорад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла бори охир моҳи сентябри соли равон аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми калон, ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ […]

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сокини 31-солаи шаҳри Бӯстон Фаррух Ҳалимовро боздошт намуданд, ба як силсила ҳодисаҳои қаллобӣ даст дорад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла бори охир моҳи сентябри соли равон аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми калон, ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда бошад ҳам, хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба ҷиноят зада, моҳи ноябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов такроран зиёда аз 18 ҷинояти қаллобӣ содир намудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми содир намудани ин аъмоли номатлубаш ӯ худро корманди мақомоти «милитсия», «суд», «прокуратура», «кумитаи давлатии амнияти миллӣ», «нозироти андоз» ва «хадамоти фармасевтии вилояти Суғд» муаррифӣ намуда, аз мағозаву дорухонаҳо ва меҳмонхонаҳо гӯё бар ивази ошкор накардани камбудиҳояшон маблағҳои пулӣ ситонидааст.

“Мувофиқи маълумотҳои оперативии дастраснамуда, номбурда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ даст ба чунин кирдорҳои номатлуб задааст, – омадааст дар маълумот. – Аз хонандагони сомона эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки агар касе аз Ҳалимов Фаррух ҷабр дидааст, ё дар бораи дигар ҷиноятҳои содиркардаи ӯ маълумот дошта бошад, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат намоянд”.

Зимнан зикр мегардад, ки номбурда қаблан чор маротиба барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, айни замон нисбати ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ ва тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ аз ҷониби шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.