Медали тиллои Сомон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо

Гуштигири тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар Ҳонг Конг ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари ҷавони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо2 медал ба даст оварданд. Гуфта мешавад, ҳарду варзишгари тоҷик дар […]

Asia-Plus

Гуштигири тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар Ҳонг Конг ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари ҷавони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо2 медал ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни -73кг гуштин гирифта, Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро аз сари роҳ дур кард ва дар финал бар варзишгари Ҷопон Даичӣ Танака пирӯз шуд.

“Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Ҳонг Конг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари Ҷопон Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуд”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мусобиқа 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё ширкат дошта, мусобиқа идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.