Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ИМА дар робита ба даргузашти Ҷорҷ Буш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Герберт Уокер Буш ба Президенти ин кишвар Доналд Трамп барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки "хабари реҳлати собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Герберт Уокер Буш боиси андуҳи мо […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Герберт Уокер Буш ба Президенти ин кишвар Доналд Трамп барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки "хабари реҳлати собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Герберт Уокер Буш боиси андуҳи мо гардид”.

“Марҳум бо фаъолияти сермаҳсули худ дар маснади олии Президенти ИМА ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим соҳиби иззату эҳтироми шаҳрвандони кишвар гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт”, – омадааст дар барқия.

Дар фарчом Президенти Тоҷикистон ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти ИМА таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз намудааст.

Собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Буши калонӣ 30 ноябр дар синни 94-солагӣ дар Хюстон аз олам даргузашт, хабар медиҳад The Washington Post. Моҳи апрели соли равон ҳамсари ӯ Барбара Буш аз олам даргузашта буд. Онҳо бо ҳамдигар 73 сол зиндагӣ карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.