Хоруғ: автомашинаи RAV-4-и сарҳадбон ба маршрутка бархӯрда, 2 нафар ҳалок шуд

Дар маракази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки сарҳадбонон садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он чор нафар осеб диданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят. Дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак рух додааст, ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба […]

Дар маракази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки сарҳадбонон садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он чор нафар осеб диданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят.

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак рух додааст, ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба ҳалокат расида, боз ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.

Ронандаи автомашинаи хизматии тамғаи «Toyota RAV-4»-и сарҳадбонон ба автомашинаи мусофиркаш (маршрутка) бармехӯрад. Дар натиҷа яке аз мусофирзанон аз автомашина ба канал меафтад. “Ҷасади зане, ки ҳомиладор буд, алҳол дарёфт нашудааст. Ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ВМКБ.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, боз як мусофирзани дигар низ бар асари бархӯрди автомашинаҳо ба канал афтида, ҷасади ӯро дарёфт кардаанд.

Ронандаи автомашинаи мусофирбар (маршрутка) ва боз як мусофири дигар ҷароҳатҳои взанин бардошта, дар бемористон бистарианд.

Ронандаи автомашинаи "Toyota RAV-4", хизматчии ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон боздошт шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.