Моддаҳои Эъломияи ҳуқуқи башар дар овезаҳои шаҳри Душанбе

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳо баргузор менамояд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Эътилоф, давоми 15 рӯз, оғоз аз 5-юми декабр, дар ноҳияҳои гуногуни шаҳри Душанбе овезаҳо бо забони тоҷикӣ, бо матни моддаҳои Эъломияи умумии […]

Иттилоияи расмӣ

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳо баргузор менамояд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Эътилоф, давоми 15 рӯз, оғоз аз 5-юми декабр, дар ноҳияҳои гуногуни шаҳри Душанбе овезаҳо бо забони тоҷикӣ, бо матни моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дутоӣ шарҳи хизматчиёни давлативу ҳимоятгарони ҳуқуқ ба ҳар як кадоми онҳо насб карда хоҳанд шуд.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шуд. Ин дар таърихи инсоният аввалин санади умумии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ гардид, ки дар он ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсон зикр ёфтаанд. Ҳуҷҷати мазкур инчунин миёни санадҳои умумии байналмилалие, ки соҳаи ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд, якум аст.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1948 дар Париж аз ҷониби гуруҳи намояндагони кишварҳои гуногун зери роҳбарии бонуи аввали ИМА Элеонор Рузвелт таҳия гардидааст. Эъломия бо мақсади пешгирии такрори нақзи ҳуқуқи инсон, ки дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон рух дода буд, таҳия шудааст.

Ҳадафи эъломия руҳияи мубориза муқобили табъиз ба шумор меравад, бо ин бовар, ки ҳамаи одамон баробаранд ва ҳуқуқҳои баробар доранд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабинии зикргардидаро бо дастгирии молии Институти Ҷомеаи Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Раёсати Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи рушди СММ, Фонди Зигрид Раузинг ва Намояндагии ИА дар ҶТ баргузор менамояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.