Вазири тандурустӣ: ёрии аввалияи тиббӣ бепул буд, ҳаст ва боқӣ мемонад

Таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа оид ба масъалаи вазъи расонидани ёрии фаврӣ ва аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ машварати корӣ доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоии аҳолии ҶТ, зимни суханронӣ дар машварат вазир изҳор дошт, ки сатҳу сифати расонидани ёрии аввалияи […]

Таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа оид ба масъалаи вазъи расонидани ёрии фаврӣ ва аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ машварати корӣ доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоии аҳолии ҶТ, зимни суханронӣ дар машварат вазир изҳор дошт, ки сатҳу сифати расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона дар муассисаҳои табобатию пешгирии дар шаҳри Душанбе ҷойгирбуда, махсусан дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббӣ – Шифобахш” ташвишовар мебошад.

Ӯ таъкид намуд, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият, ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад. Аз роҳбарон танҳо талаб карда мешавад, ки вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро намуда, кўмаки беғаразонаи худро ба аҳолӣ расонанд. Аммо, муттаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки боиси норозигии аҳолӣ ва шаҳрвандон мешаванд, бахусус,  шабонгоҳон, ҳол он ки барои расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ тамоми мавод дар муассисаи тиббӣ бояд муҳайё бошанд.

Ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ дастур дода шуд, ки бо беморон ва хешовандони онҳо муомила ва муоширати хубро ба роҳ монанд, инчунин супориш дод, ки фаъолияти дорухонаҳои шабона низ, ки дар дохили муассиса фаъолият мекунанд, зери назорат гирифта шаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.