“Мегафон-Бизнес” номгузории идораи хизматрасонии корпоративии “Мегафон Тоҷикистон”

Date:

“МегаФон Тоҷикистон” ба намояндагони ВАО вилояти Суғд идораи навшудаи хизматрасонии мизоҷони корпоративиро пешкаш намуд. Фазои муосиркардашудаи идора, ки дар бинои он овезаи “МегаФон Бизнес” ҷойгир карда шуд, имкон медиҳад, ки бо ҳузур масъалаҳои корӣ ҳал карда шуда, ба ҳар як мизоҷ алоҳида машваратҳо дода шаванд ва мизоҷон бо маҳсулоту хизматрасониҳои ширкат бо таври қулай шиносоӣ пайдо намоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба маросими ифтитоҳи идора намояндагони ВАО тавонистанд шахсан фаъолияти хизматрасониҳои операторро мавриди санҷиш қарор дода имконияти муносибро барои бизнеси худ интихоб кунанд, даъват карда шуданд. Имрӯз алоқаи корпоративӣ аз “МегаФон” на танҳо хизматгузории баландсифат, тарофаҳо ва тахфифҳои махсусро дар бар мегирад, балки инчунин имкон медиҳад, ки хароҷоти алоқаи мобилӣ муносиб гардонида шавад. Телеком-имкониятҳои оператор як воситае барои баландбардории суръати имкониятҳои идорӣ ва самаранокии фаъолияти ширкат ба шумор меравад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ ба меҳмонон дар бобати пешниҳодҳои мубрам ва принсипҳои асосии самти “МегаФон Бизнес” маълумотҳо расонид. Доираи васеи хизматрасониҳо, ки имкониятҳои гузаронидани конфронсҳои видеоӣ, ташкили маркази тамос, назорати иншоотҳои дурдаст ва кормандони он, системаҳои ҳуҷҷатнигории электронӣ ва бисёр масъалаҳои дигарро дар бар мегирад, имкон медиҳад, ки телеком-имкониятҳои маҷмӯии ҷавобгӯй ба дархостҳои мизоҷи мушаххас новобаста аз миқёсҳои бизнеси номбурда пешбинӣ карда шаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Мизоҷони мо дар ҳалли дилхоҳ масъалаҳои телекоммуникатсионӣ ба “МегаФон Бизнес” ба пуррагӣ мутмаин буда метавонанд. Имрӯз пеш бурдани бизнес душворие надорад, вале ин дар ҳолест, ки агар ҳамаи масъалаҳо ба шарики боэътимод бовар карда шаванд. Мутмаинам, ки хизматрасониҳои пешниҳодкардаи мо диққати шариконамонро ҷалб намуда, идораи “МегаФон Бизнес” дар вилояти Суғд ба майдони асосӣ ҷиҳати ба роҳ мондани муоширати корӣ  ва пеш бурдани ҳамкории самаранок табдил меёбад”, – иброз дошт Далер НАИМОВ, Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...