Садамаи нақлиёти навбатӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд: шояд хоби ронанда бурдааст

Бар асари садмаи нақлиёт, ки дар километри 33-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух дод, ронанда ба ҳалокат расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон. Тахминан нимаи рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта автомашинаи тамғаи "Hyundai Sonata" ба пойдевори бетонӣ бархӯрда, дар натиҷа ронадаи автомашинаи сабукрав дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва мусофири он бо ҷароҳатҳо […]

Asia-Plus

Бар асари садмаи нақлиёт, ки дар километри 33-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух дод, ронанда ба ҳалокат расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Тахминан нимаи рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта автомашинаи тамғаи "Hyundai Sonata" ба пойдевори бетонӣ бархӯрда, дар натиҷа ронадаи автомашинаи сабукрав дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва мусофири он бо ҷароҳатҳо ба бемористон фиристода шудааст.

“Тибқи маълуомти пешакӣ, шояд сари чанбарак хоби ронада бурдааст”, – иттилоъ медиҳад дафари матбуоти IRS.

Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба пайвандону наздикони фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, ронандагонро ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даъват кардааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 10 декабр дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд боз як садамаи марговар ба вуқӯъ пайваст.

Дар қаламрави ҷамоати Такфони ноҳияи Айнӣ ронадаи автомашинаи боркаши Mercedes-Benz Atego аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо”, ки аз самти муқобил омада истода буд, бо мақсади ба автомашинаи боркаш барнахӯрдан, ба канори рости роҳ баромада, ба ҷарии чуқуриаш тахминан 100 метр чаппа шуда, пас аз он автомашинаи боркаш ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107” бархӯрдааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофири 52-солаи автомашинаи Musso дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронандаи 38-сола ва боз як мусофири дигари 24 -солаи он бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз оғози сол бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт беш аз 350 нафар ҳалок ва 1300 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.