Ҳукумати ВМКБ: дар роҳҳои Хоруғ дигар ягон мошини сиёҳшиша боқӣ намонд

Ба туфайли талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамдастӣ бо ҳукуматдорони маҳаллӣ ва дастгирии аҳолии шаҳри Хоруғ, имрӯз дар роҳҳои маркази маъмурии ВМКБ тартибот ҷорӣ шудааст. Котиби матбуотии раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз дар роҳҳои кӯчаҳои шаҳри Хоруғ дигар ягон мошини сиёҳшиша боқӣ намондааст. “Аксари ронандагон ихтиёрӣ аз […]

Аваз Юлдошев

Ба туфайли талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамдастӣ бо ҳукуматдорони маҳаллӣ ва дастгирии аҳолии шаҳри Хоруғ, имрӯз дар роҳҳои маркази маъмурии ВМКБ тартибот ҷорӣ шудааст.

Котиби матбуотии раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз дар роҳҳои кӯчаҳои шаҳри Хоруғ дигар ягон мошини сиёҳшиша боқӣ намондааст.

“Аксари ронандагон ихтиёрӣ аз ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаашон даст кашиданд”, – гуфт ӯ ва илова намуд, ки ба ҳукумат муяссар шуд, ки дар роҳҳои шаҳр тартибот ҷорӣ намуда, ҳодисаҳои танбашавии воситаҳои нақлиётро, ки тез-тез ба вуқӯъ мепайвастанд, бартараф намояд.

Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков, фаъолияти ситоди байниидоравӣ оид ба мусодираи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, ки ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешавад, идома дорад.

“Фаъолияти ситод дар ин самт то замони мусодираи охирин тире, ки ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешавад, давом мекунад”, – таъкид дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ рӯзи 15 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинятпеша дар вилоят мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дода, аллакай санаи 18 сентябр 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард.

Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ низ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Рӯзи 1 октябр бошад, президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро низ аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Ёдгор Файзов таъин шуд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст