Ҳалокати духтарони хурдсоли тоҷик зимни сӯхтор дар Бошқирдистон

Зимни як сӯхтор дар бинои истиқоматӣ, ки рӯзи 25 декабр дар деҳаи Старие Кандрии ноҳияи Туймазини Бошқирдистон рух дод, зодагони ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон – Амина Додоваи 4-сола ва хоҳари 2-солаи ӯ Амринисо Додова ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Маскав, ҳангоми сар задани сӯхтор падари духтарон дар Қазон машғули ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни як сӯхтор дар бинои истиқоматӣ, ки рӯзи 25 декабр дар деҳаи Старие Кандрии ноҳияи Туймазини Бошқирдистон рух дод, зодагони ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон – Амина Додоваи 4-сола ва хоҳари 2-солаи ӯ Амринисо Додова ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Маскав, ҳангоми сар задани сӯхтор падари духтарон дар Қазон машғули ба расмият даровардани шаҳрвандии Русия буда, модарашон дар хонаи дигар хоб ва ҷиҳати раҳо кардани онҳо аз хонаи сӯхтаитстода ёрӣ дода натавонистааст.

Дар бораи сабаби сар задани сӯхтор маълумот дода намешавад. Ҷасадҳои духтарон дар яке аз оромгоҳҳои маҳаллӣ ба хок супурда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ корҳои тафтишотиро оғоз кардаанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.