Кумаки техникии Арабистони Саудӣ ба мақомоти Тоҷикистон

Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ барои минбаъд таҳкими зарфиятҳои техникии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда расонидани кӯмакҳоро идома медиҳад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, тибқи созиши баимзорасида, ин Марказ қарор аст ба Кумита булдозеру экскватор ва мошинҳои боркаши пуриқтидор ва ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад […]

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ

Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ барои минбаъд таҳкими зарфиятҳои техникии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда расонидани кӯмакҳоро идома медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, тибқи созиши баимзорасида, ин Марказ қарор аст ба Кумита булдозеру экскватор ва мошинҳои боркаши пуриқтидор ва ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад экскватори тасмачарх таҳвил диҳад.

Рӯзи 27 декабр дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи идомаи ҳамкориҳои башарӣ дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ миёни КҲФ ва Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба расонидани воситаҳои техникӣ барои воҳидҳои наҷоти Кумита  ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тибқи ҳуҷҷатҳои имзошуда Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ба Кумита булдозер ва экскватор, автотрейлере, ки то 40 тонна борро метавонад бардорад, мошини ҳарҷогузари дорои ҳашт ҷойи хоб барои наҷотдиҳандагон ва ҳарҷогарди тамғаи «ПИКАП» таҳвил медиҳад. Ин техника барои гурӯҳҳои зудамал ва вокуниши сареи КҲФ  бо мақсади боло бурдани сатҳи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин ҳуҷҷати дигар дар бораи  ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии  назди Ҳукумати Тоҷикистон  расонидани як адад экскватори тасмачарх низ имзо гардид.

Дар маросими имзои Ёддошти тафоҳум Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Ғаффорзод, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, муовини Нозири кулл оид ба амалҳои барномаи Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ҷаноби Аҳмад ибни Алӣ ал-Биз ширкат намуданд.

Зимни суханронии худ ҷаноби Сафир изҳор дошт, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамеша омода аст ба халқи бародари Тоҷикистон дасти ёриву мадад дароз кунад.

«Равобит миёни Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон самимонаву бо боварии томи ҷонибҳо ба сӯи ояндаи дурахшон ба манфиати халқҳои ду кишвар рушд меёбад»,- зикр намуд вай.

Намояндаи Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ҷаноби Аҳмад ибни Алӣ ал-Биз қайд кард, ки расонидани кумакҳо аз ҷониби Марказ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ барои кумакҳояш изҳори сипос кард ва қайд намуд, ки ин ёриҳо пеш аз ҳама барои беҳбуди корҳои наҷоти мардум дар ҳолатҳои фавқулодда равона шудааст.

Сарвари Кумита бо таъкид ба густариши равобит миёни Марказ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда афзуд, «техникае, ки тибқи ин муоҳадаҳо харидорӣ мешаванд, ба корҳои соҳилбандиву соҳилмустаҳкамкунӣ низ таҳким мебахшад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.