Чӣ гуна доллар ва рубл ба ҳаёти тоҷикистониён дар соли 2018 таъсир расониданд?

Соли 2018 қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари амрикоӣ ба андозаи 6,9% поин рафт. Мувофиқи қурби расмии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба имрӯз, 31 декабр, 1 доллар ба 9,4296 сомонӣ баробар аст. Санаи 1 январи соли 2018 қурби он 8,8190 сомониро ташкил медод. Қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон нисбати долллар нимаи аввали […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2018 қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари амрикоӣ ба андозаи 6,9% поин рафт.

Мувофиқи қурби расмии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба имрӯз, 31 декабр, 1 доллар ба 9,4296 сомонӣ баробар аст. Санаи 1 январи соли 2018 қурби он 8,8190 сомониро ташкил медод.

Қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон нисбати долллар нимаи аввали сол ба андозаи 3,8% ва нимаи дуюми сол – ба миқдори 3,1% коҳиш ёфт.

Поинравии қурби пули миллии Тоҷикистонро таҳлилгарони БМТ ба тавозуни манфии муомилоти моли хориҷӣ (беш аз 1 млрд. доллар), афзоиши фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ, зиёд шудани хароҷоти буҷети давлатӣ ба сохтмони иншооти муҳими стратегӣ, ҳамчунин таъсири омилҳои мавсимӣ нисбат медиҳанд.

Соли оянда ҳукумат коҳиши қурби расмии сомониро нисбати доллар ҳамагӣ ба андозаи 3% интизорӣ дорад. Дар Барномаи қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳо барои солҳои 2010-2021 пешгӯӣ мешавад, ки то охири соли 2019 як доллари ИМА ба 9,70 сомонӣ баробар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, қурби евро нисати сомонӣ давоми соли ҷорӣ ҳамагӣ ба адозаи 2,1% – аз 10,5766 сомонӣ барои 1 евро дар аввали сол то ба 10,8007 сомонӣ боло рафт.

Қурби рубли русӣ нисбати сомонӣ дар соли равон баръакс 11% – аз 0,1524 рубл барои 1 сомонӣ ба санаи 1 январи соли ҷорӣ то ба 0,1356 рубл ба ҳолати 31 декабр поин рафт.

Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон маблағҳои пулӣ асосан бо рубл ворид мешаванд. Танҳо давоми нуҳ моҳи ҳамин сол аз Русия, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар машғули коранд, ба Тоҷикистон 1 млрд. 938 млн. доллар маблағ фиристода шудааст. Тибқи маълумоти БМТ, наздики 90%-и интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон бо рубли русӣ сурат мегиранд.

Ҳамин тариқ, метавон тахмин зад, ки тӯли нуҳ моҳи соли равон аз Русия маблағи баробар ба 1,7 млрд. доллар ба кишвар ворид шудааст.

Барои муқоиса: тайи 11 моҳи соли ҷорӣ аз содироти маҳсулот ба Тоҷикистон ҳамагӣ 990 млн. доллар маблағ ворид шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бо дастури Бонки миллӣ аз соли 2016 бонкҳои Тоҷикистон ин маблағҳоро танҳо бо сомонӣ медиҳанд. Рублҳои воридшуда дар бонкҳои Тоҷикистон боқӣ монда, минбаъд дар бонкҳои Русия бо доллар иваз мешаванд. Аз ин ҳисоб касри муомилоти моли хориҷии кишвар (зиёд будани ҳаҷми воридот аз содирот) қисман рӯйпӯш мешавад. Касри тавозуни савдо тӯли 11 моҳи соли равон қариб ба 2 млрд. доллар расид.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.