Тоҷикистон ба содироти тракторҳои беларусии дар Тоҷикистон ҷамъу васлшуда оғоз кард

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – “Агротехсерввис” миқдори аввали тракторҳои дар Ҳисор ҷамъу васлшударо ба хориҷи кишвар содирот намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, санаи 27 декабр аз ҷониби ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор аввалин маротиба 8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х» ба Ӯзбекистон содир шуд. Гуфта мешавад, […]

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – “Агротехсерввис” миқдори аввали тракторҳои дар Ҳисор ҷамъу васлшударо ба хориҷи кишвар содирот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, санаи 27 декабр аз ҷониби ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор аввалин маротиба 8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х» ба Ӯзбекистон содир шуд.

Гуфта мешавад, корхонаи мазкур нақша дорад, ки  дар соли 2019 содироти тракторҳои   тамғаҳои «Беларус 80Х» ва «Беларус 82.1», ҳамзамон таҷҳизоту мошинолотҳои гуногуни кишоварзиро ба Ӯзбекистон ва трактори тамғаи  «Беларус 512» (бе кабина) ба Афғонистон ва Покистон ба роҳ монад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки КМ “Агртехсервис” 29 сентябри соли равон бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко расман мавриди истифода қарор гирифт.

Зикр мегардад, ки муддати як сол корхона ба васлу насби беш аз 1,7 ҳазор тракторҳо имкон дошта, шумори истеҳсоли солонаи дигар таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла ядакҳо (прицеп) 2,6 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.